Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуф ва ваҳшат аз кушторҳо дар маркази Маскав


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк, изҳор намуд, ки Русия дар феҳристи кишварҳои барои хабарнигорон хатарбор дар хатти саввум қарор дорад. Ба иттилоъи ин кумита, шурӯъ аз соли 2000-ум дар Русия барои фаъолияти хабарнигорӣ 16 хабарнигор кушта шудаанд. Ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнянова изҳор намуд, ки масъулини Кумита аз куштори вакили дифоъ Станислав Меркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова дар маркази шаҳри Маскав дар ҳоли шок қарор доранд. Ин кумита хабар додааст, ки Анастасия Бабурова чаҳорумин хабарнигори нашрияи “Новая газета” аст, ки тайи нӯҳ соли ахир ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG