Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА хостори муҷозоти қотилони Меркелов шуд


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз мақомоти Русия талаб кард, ки дар зудтарин фурсат қотилони вакили дифоъ Станислав Маркелов ва хабарнигор Анастасия Бабуроваро пайдо ва муҷозот кунанд. Дар изҳороте, ки аз номи Ҷумҳурии Чех, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд, омадааст, “қатли Маркелов ва дигар ҳамлаҳо ба ҳомиёни ҳуқуқи башар, хабарнигорон ва фаъолони созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд зуд ва бетарафона тафтиш ва гунаҳкорон ба додгоҳ кашида шаванд”.

Станислав Маркелов вакили дифоъи хонаводаи Элза Кунгаева, як духтари аз сӯи афсари рус Юрий Буданов ба қатл расидаи чечен, шоми душанбу дар маркази Маскав ҳадафи тир қарор гирифт. Дар ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони вакили дифоъ Станислав Маркелов хабарнигор Анастасия Бабурова ҷароҳат бардошт ва баъдан дар бемористон аз олам даргузашт.

Полковники артиши Русия Юрий Буданов барои куштори Элза Кунгаева ба мӯҳлати даҳ сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва аммо чанд рӯз қабл пеш аз мӯҳлат маҳбасро тарк кард. Станислав Меркелов алайҳи ин тасмим ба додгоҳ ариза навишта буд.
XS
SM
MD
LG