Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Бан Ки Мун аз вазъи Ғазза


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ имрӯз аз шаҳри Сдероти Исроил, ки ҳадафи мушакборони гурӯҳи ҲАМОС қарор гирифта буд, дидан мекунад. Дирӯз ӯ вазъи навори Ғаззаро “басо сангин” арзёбӣ кард ва аз Исроил ва ҲАМОС даъват намуд, ки дар риояи оташбас аз хештандорӣ кор бигиранд. Ӯ ҳамчунин хост ҳодисаҳои аз сӯи низомиёни Исроил тирборон шудани се бинои СММ дар навори Ғазза ҷиддан тафтиш шавад. Бар асари ҳамла ба ин биноҳо даҳҳо нафар кушта шуданд. Тайи се ҳафтаи амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза тақрибан 1300 фаластинӣ ба ҳалокат расиданд. Мушакборони ҲАМОС мунҷар ба ҳалокати 13 исроилӣ шудааст. Тибқи хабарҳо, айни ҳол Исроил хуруҷи нерӯҳояш аз навори Ғаззаро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG