Пайвандҳои дастрасӣ

Гази Русия ба Аврупои шарқӣ расид


Гази Русия тавассути қаламрави Украина ба кишварҳои Аврупои шарқӣ расид. Дар ин бора ширкатҳои нафти Булғористон, Босния, Маҷористон, Словакия ва Чехия хабар доданд. Интизор меравад, ки ин маводи сӯхт дар наздиктарин фурсат ба Хорватия, Руминия ва Сербия низ бирасад.

Дар ҳамин ҳол дар Иттиҳодияи Аврупо ба натиҷае расиданд, ки сабаби аслии мутаваққиф шудани транзити газ аз тариқи Украина – ихтилоф миёни мақомоти Киев мебошад. Энеко Ландабуру, як мақоми бахши сиёсати хориҷии Комиссиюни Аврупо дар Брюсел гуфт, раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко ба созиши аввал, ки миёни сарвазирони Русия ва Украина охирҳои моҳи декабр ҳосил шуда буд, мухолифат кардааст. Бар асари ин ихтилофи дохилӣ дар Украина тақрибан 18 кишвари аврупоӣ тайи ду ҳафта аз дарёфти гази Русия маҳрум монданд.

XS
SM
MD
LG