Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин амрҳои президенти нави ИМА


Барак Обама, раисиҷумҳури нави ИМА амр кард, ки ҳама фармонҳои ҳанӯз иҷронашудаи президенти пешин мунҷамид карда шаванд. Дар баёнияи Кохи Сафед гуфта шудааст, ки Обама татбиқи ҳама тасмимҳои Ҷорҷ Буш то омӯзиши пурраи онҳо аз сӯи ҳукумати навро мутаваққиф кард. Имрӯз Барак Обама бо раҳбарони Пентагон мавзӯъи суръат бахшидан ба раванди хуруҷи нерӯҳо аз Ироқро баррасӣ мекунад.

Барак Обама дирӯз ба курсии раисиҷумҳури Амрико нишаст. Ӯ дар як маросими пуршукӯҳ дар канори Кохи Сафед ва дар ҳузури садҳо ҳазор нафар савганд ёд кард. Обама дар суханронии худ ба оламиён Амрикои навро ваъда кард, ки ба садои дили ҳама мардуми сайёра гӯш хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки барои ҳам сокинони пойтахтҳои бузург ва ҳам деҳаҳои хурде, ки дар яке онҳо падараш ба дунё омадааст, “Амрико дӯст хоҳад буд, дӯсти ҳар мардум, ҳар мард, ҳар зан ва ҳар тифле, ки барои сулҳ ва зиндагии сазовор талош дорад”. Барак Обама ба олами ислом муроиҷиат карда гуфт, “ИМА аз масири наве кор гирифт, ки дар пояи эҳтироми ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар бунёд шудааст”.

XS
SM
MD
LG