Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони қирғиз ба дафтари матбуъотӣ роҳ наёфтанд


Намояндагони порламони Қирғизистон аз ҷиноҳи Ҳизби Сотсиал-Демократи ин кишвар иҷоза наёфтанд, то аз дафтари матбуъотии порламон барои додани иттилоъ ба рӯзноманигорон истифода кунанд. Роза Отунбоева-собиқ вазири хориҷа ва Бакит Бешимов хостаанд дар бораи рӯйдодҳои охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи Талас нишасти хабарӣ баргузор кунанд, чун дар Талас раҳбарони ду ҳизби мухолифон ба ҷурми созмон додани раҳпаймоии ғайримуҷоз ва риъоят накардани қонун бодошт шуда буданд. Аммо Отунбоева ва Бешимов ба дафтари матбуъотии порламон иҷоза дода нашуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки масъалаҳоеро мехоҳанд баррасӣ кунанд, ки ба фаъолияти порламон ҳеҷ иртибот надорад. Баъдтар ин ду намояндаи мухолифон дар коридор ва сипас дар яке аз ҳуҷраҳои хурди порламон бо рӯзноманигорон мулоқот карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG