Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» - дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2009


Дастаи «Регар» ТадАЗ -и Турсунзода, ки дар севумин дидори худ дар Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик дар шаҳри Маскав бар тими «Шахтёр»-и Донетски Укроин бо натиҷаи 4:1 пирӯз шуд, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозии даври охирин дар гурӯҳи «С» шоми 20-уми январ дар толори варзишии «Динамо»-и пойтахти Русия баргузор шуд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «Регар» ТадАЗ хотима ёфт. Ҳарду голро Иброҳим Рабимов дар дақиқаҳои 36-ум ва 48-ум зад. Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони тоҷик Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 39-ум) ва Иброҳим Рабимов (дақиқаи 59-ум) боз ду гол ва бозигари "Шахтёр" Насибулин (дақиқаи 73-юм) 1 гол ба самар расонданд.

Ҳамин тариқ, «Регар» ТадАЗ бар дастаи «Шахтёр», ки ҳайъати он аз бозигарони ҷавон иборат буд, бо ҳисоби бузург ғалаба кард.

Бояд тазаккур дод, дар тӯли 17 соли ширкати худ дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ футболбозони тоҷик барои бори аввал ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфтанд.

Бозии дигари гурӯҳи «С» байни дастаҳои «Шериф»-и Тирасполи Молдова ва «Левадия»-и Таллинни Эстония бо натиҷаи мусовии 0:0 ба анҷом расид.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «С» «Шериф» бо 7 имтиёз ҷои аввал ва «Регар» ТадАЗ бо 4 имтиёз ҷои дуввумро касб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале дастаҳои «Шахтёр» ва «Левадия», ки мутаносибан бо 3 ва 2 имтиёз дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд, аз идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод маҳрум шуданд.

Шоми 21-уми январ – дар маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ»-и Маскав бозиҳои чаҳорякниҳоӣ баргузор мешаванд. Нахуст дастаи «Регар» ТадАЗ бо ғолиби гурӯҳи «D» - тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон - бозӣ хоҳад кард. Дастаи «Шериф»-и Молдова, ғолиби гурӯҳи «С», бо тими «Вентспилс»-и Латвия, ки дар гурӯҳи «D» ҷои дуввумро касб намуд, рӯбарӯ хоҳад шуд. Инчунин ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ байни беҳтарин дастаҳои гурӯҳҳои «А» ва «В» - "Экранас" (Литва) ва "Пахтакор" (Узбакистон), "Оқтеппа" (Қазоқистон) ва "МТЗ-РИПО" (Беларус) - сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG