Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксуғурта" ба додгоҳ рафтан мехоҳад


Ширкати давлатии «Суғуртаи Тоҷикистон» бархе аз корхонаҳои давлатӣ ва вазоратҳои Тоҷикистонро барои худдориашон аз суғурта кардан ба додгоҳ мекашад.

Муҳибалӣ Сафаров, раиси ин ширкат мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки вазоратҳо ва корхонаҳои давлатӣ тибқи қонун ва қарори махсуси ҳукумат муваззафанд, кормандон ва таҷҳизоти худро ба таври ҳатмӣ суғурта кунанд, аммо онҳо дар соли 2008 аз суғурта ва пардохти маблағи он худдорӣ кардаанд. Оқои Сафаров ба сурати мисол гуфт, саркашии вазорату корхонаҳо ба ҳаддест, ки ширкати давлатии «TajikАir» аз ироаи 14 миллион сомонӣ ва ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти 600 ҳазор сомонӣ пуле, ки мардум ҳангоми сафар ҳамчун маблағи бима пардохт кардаанд, ба ширкати «Суғуртаи Тоҷикистон» худдорӣ мекунанд.

Ба қавли оқои Сафаров, ин ҳолат боис ба тасмими ширкати суғуртаи Тоҷикистон барои ба додгоҳ кашидани вазоратҳо ва корхонаҳои давлатӣ шудааст. Вай афзуд, аксари вазирон ва раҳбарони корхонаҳои давлатӣ қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди суғуртаи ҳатмӣ ё қабул надоранд ва ё моҳияти суғурта намуданро дарк намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто вазорати молия, ки ҳамин қарори мазбури ҳукуматро бо мутахасисонаш таҳия кардааст, бо баҳонаи адами маблағ дар буҷа аз пардохти суғуртаи ҳатмӣ худорӣ мекунад.

Масъулини корхонаҳои давлатии Тоҷикистон, мисли Вазорати молия, ширкати «TajikАir» ва ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди суғурта накарданашон посух надоданд.

Коршиносон иллати аслии худории сохторҳои давлатиро ба эътимод надоштани онҳо ба ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон марбут медонанд. Онҳо имкони ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистонро заъиф шуморида, мегӯянд, аксари ин ширкатҳо феълан тавони пардохти маблағи бимаро надоранд, ва мардум низ бар онанд, ки агар онҳо бо фалокате рӯ ба рӯ шаванд, ширкатҳои суғурта ба онҳо кӯмак нахоҳанд кард.

Масъулони ширкати давлатии «Суғуртаи Тоҷикистон» мегӯянд, ин ширкат дар соли гузашта бо корхонаҳо ва фардҳои алоҳидаи кишвар ҳудуди 820 ҳазор шартномаи бима бастааст, ва ҳудуди 5,5 миллион сомонӣ хисороти суғуртакунандагонро ҷуброн кардааст.
XS
SM
MD
LG