Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун вазъи Ғаззаро ногувор арзёбӣ кард


Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ имрӯз гуфт, ки вазъ дар Борикаи Ғазза қалбҳоро абгор мекунад. Вай аз Исроил ва гурӯҳи Ҳамос хост, ки то ҳадди имкон хештандорӣ нишон диҳанд ва аташбасро риъоят кунанд. Бан Ки Мун дар ҷараёни сафараш ба Борикаи Ғазза санаде мунташир сохт ва аз намояндагиҳои СММ, ки дар ҷараёни се ҳафтаи ҳамлаҳои Исроил бар зидди тундравҳои фаластинӣ осеб дидаанд, боздид кард. Оқои Мун аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ, аз замоне, ки Исроил ва Ҳамос оташбас эълон карданд, мақоми баландпояи байналмиллалист, ки аз Борикаи Ғазза боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG