Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Қайроқум дубора фаъол шуд


Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд

Мақомоти Суғд мегӯянд, нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум баъд аз садама боз ба кор андохта шуд, вале бо ин вуҷуд вазъи таъмини барқ дар ҳоли буҳронӣ боқӣ мондааст.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 20 – уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол 5 чархаи неругоҳ фаъол карда шуда, мутахассисин барои ба кор даровардани чархаи шашум талош доранд. Оқои Расулзода таъкид кард, ки нерӯгоҳи Қайроқум дар ин шабонарӯзҳо камтар аз 2 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунад ва бар иловаи он ҳудуди яку ним миллион киловатт соат аз ҷониби Узбакистон ворид мешавад, вале ин барои таъмини вилоят намерасад. Ӯ афзуд, танҳо шаҳри Хуҷанд дар шабонарӯз аз рӯи меъёри маҳдуд беш аз яку ним миллион киловатт соат барқ мехоҳад, барои бахши саноат ҳудуди як миллиони дигар масраф мешавад. Барои 17 шаҳру навоҳии боқимонда камтар аз 1 миллиони дигар боқӣ мемонад. Ба ҳамин иллат, манзилҳои қисмати зиёди сокинони Суғд имрӯзҳо тақрибан тамоман аз барқ маҳрум аст.

Садама дар нерӯгоҳи Қайроқум, ягона манбаъи бузурги тавлиди барқ дар шимоли Тоҷикистон, як ҳафта пеш бар асари садамаи техникӣ кори худро комилан мутаваққиф сохта буд. Мутахассисин кӯҳнагиву фарсудагии чархаҳову дастгоҳҳо ва иншооти неругоҳро сабаби аслии садама номиданд. Ба гуфтаи онҳо, нерӯгоҳи Қайроқум аз замони бунёди худ дар соли 1957 то кунун таҷдид ва таъмир надидааст. Барои ин кор Тоҷикистон аз чанд сол қабл ба ин сӯ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳудуди 5 миллион доллари амрикоӣ талош дорад, вале ҳанӯз натиҷае надодааст. Ба гуфтаи мутахассисин, таҷдиди пурраи нерӯгоҳ ҳудуди 25 миллион доллари амрикоӣ маблағ тақозо мекунад.

Масъалаи ҷудо кардани маблағ барои ҳалли мушкили энергетикӣ, ба гуфтаи раиси вилояти Суғд, нав дар сатҳи ҳукумати вилоятӣ дар миён гузошта шудааст. Ба назари Қоҳир Расулзода, ҳар сола сарфаи 50 - 100 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоят ва корбурди он дар бунёди неругоҳҳои барқ ва таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои фаъол ба раҳоӣ аз қайди бӯҳрони энергетикӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG