Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли гази Русия ба Укроин дубора оғоз шуд


Имрӯз интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути Укроин аз сар гирифта шуд. Русия ва Укроин роҷеъ ба нархи газ ихтилофи назар доштанд ва тақрибан ду ҳафта интиқоли газ ба Аврупо боздошта шуда буд. Алексей Миллер-раиси ширкати "Газпром"-и Русия зимни мулоқоти худ бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав гуфт:


"Бо назардошти ин, ки нархи газ ба нархи фаровардаҳои нафтӣ иртибот дорад, дар оянда нархи газ барои Укроин низ ба тағирот дар нархи нафт иртибот хоҳад дошт".

Ширкати давлатии "Нафтогаз"-и Укроин таъйид кард, ки Русия интиқоли газ ба Аврупоро оғоз кардааст. Кошиносон мегӯянд, расидани газ ба истеъмолкунандагони аврупоӣ, дастикам, 36 соъатро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG