Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

44-ӯмин раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд мекунад


Имрӯз Барак Обама ба унвони 44-ӯмин раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд мекунад. Интизор меравад, ки дар маросими ёд кардани савганд дар назди Кохи Сафед ҳудуди 2 милиён нафар шират кунанд. Маросими савганд соъати 22-и вақти Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Ҳазорон нафар кормандони пулис ва Горди Миллӣ аз ҳаво ва обу замин амниятро зери назар доранд. Обама, ки нахустин раиси ҷумҳури африқоитабори амрикост, дар давраи раёсати ҷумҳуриаш бо душвориҳои ҷанги сомоннаёфта дар Афғонистону Ироқ ва бӯҳрони молӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҷорҷ Буш нисбат ба руасои ҷумҳури пешин Кохи Сафедро бо эътибори камтаре тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG