Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз раисҷумҳури тозамунтахаби Амрико Барак Обама дар шаҳри Вошингтон маросими савгандро ба ҷо меорад.

Маросими савганди раисҷумҳури Амрико чун анъана бо шукуҳ баргузор мешавад, аммо маросими савгандёдкунии Барак Обама шаҳомати вижа дорад. Бино ба тахминҳо, барои ширкат дар маросими имрӯза ҳудуди ду миллион нафар дар шаҳри Вошингтон ҷамъ хоҳад омад. Маросими ҷашну сурур дар шаҳри Вошингтон ҳануз дӯ рӯз қабл шурӯъ шуда буд. Тайи рӯзҳои қаблӣ барномаҳои ҳунарӣ бо ширкати маъруфтарин овозхонон ва ҳузури садҳо ҳазор нафар сурат гирифт. Тайи ин рӯзҳо шаҳри Вошингтон моломоли асҳо ва шиорҳои Барак Обама буд. Барак Обама 44-умин раисҷумҳури Амрико ва нахустин президенти сиёҳпӯсти ин кишвар аст ва аз ин рӯ маросими савганди ӯ рӯзи таърихӣ дар ИМА унвон мешавад.

Интизорот ва умедвориҳои маҳофили сиёсӣ, аҳзоб ва коршиносони тоҷик аз Барак Обама якрангу якнаво нест.

Бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ ва сиёсатмадорони тоҷик бар ин боваранд, ки Обама сиёсатҳои ин кишварро ба таври қобили мулоҳиза тағйир хоҳад дод, аммо гурӯҳе чунин таваққӯъро надоранд ва мегӯянд, сиёсати Амрико ва бахусус сиёсати хориҷии ин абарқудрати ҷаҳонӣ ба ҳадде собиту устувор аст, ки Барак Обама шояд таҳти чунин шароит на ҳама ваъдаҳои қабл аз интихоботии худро битавонад ба иҷро дароварад. Вале аксари онҳое, ки дар иртибот ба ин мавзӯъ сӯҳбат карданд, ба ин нукта, ки Барак Обама аз президенти пешини ин кишвар комилан фарқ мекунад, ваҳдати назар доштанд.

Ба назари Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХДТ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, Барак Обама дар пайи як интихоби ғайримаъмулӣ рӯи кор омада ва худи шахсияти ӯ низ ба унвони раиси ҷумҳури Амрико ғайриоддист. Аз ин рӯ метавон аз ӯ тасмимоти ғайримаъмулӣ ва ғайриоддиро интизор буд. Оқои Давлатзода мутмаин аст, ки Обама дар сиёсати хориҷаи Амрико таҳаввулоти ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Махсусан қазияи Ховари Миёна, Ироқ ва Афғонистон, ба бовари Давлатзода, дар даврони раёсати ҷумҳурии Барак Обама ҳал хоҳанд шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз Барак Обама интизороти зиёде надоштааст. Оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ки Обама ифодакунандаи иродаи як бахше аз маҳофил ва доираҳои сиёсии Амрикост, ки ҳама иқдомот ва барномаҳои минбаъдаи ӯ бо назардошти ҳифзи манофеи ин доираҳо роҳандозӣ мешавад. Аммо, мегӯяд оқои Кабирӣ, Обама дар чаҳор соли фаъолияташ ба ҳайси президенти Амрико бештар ба тармим ва таъмири харобаҳое машғул хоҳад шуд, ки аз президенти пешин мерос гирифтааст.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ бар ин назар аст, ки президенти ҷадиди Амрикоро зарур аст, то барои барқарории мавқеи пешинаи ин кишвари абарқудрат ваъдаҳои қабл аз интихоботиашро дар амал татбиқ кунад. Оқои Шабдолов мегӯяд, на танҳо ӯ, балки интихобкунандагони оддии Амрико ва мардумони олам интизори онанд, ки Обама барномаҳои интихоботиашро чӣ тавр ба иҷро медароварад.

Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба тавофут аз президенти пешини Амрико Ҷорҷ Буш - Барак дар ҳеҷ яке аз суханрониҳояш истифода аз зӯр ва ҷангро барои эҷод ва ё густариши демократия таъкид накардааст. Бад-ин ҷиҳат, мегӯяд оқои Усмон, ӯ интизор дорад ва мутмаин низ ҳаст, ки Барак Обама дар радифи президентҳои муваффақ ва комёби Амрико номи худро сабт хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG