Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар навори Ғазза риоя мешавад


Тибқи хабарҳои ахиран расида, оташбас дар навори Ғазза риоя мешавад. Исроил хуруҷи нерӯҳояш аз ин минтақаро идома медиҳад. Рӯзи душанбе сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт изҳор намуд, ки кишвараш талош дорад низомиёнаш ҳарчӣ зудтар навори Ғаззаро тарк гӯянд. Гурӯҳи ҲАМОС талаб дорад, ки ҳама низомиёни исроилӣ тайи як ҳафта аз минтақа берун раванд ва гузаргоҳҳои марзӣ дубора боз шаванд.

Бар асари амалиёти низомии Исроил алайҳи ҲАМОС дар навори Ғазза беш аз 1300 фаластинӣ ва 13 исроилӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG