Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар дар Душанбе масҷид ва манзил бунёд мекунад


Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва вазири ҳамкориҳои байнулмилалии кишвари Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Отия мавзӯъи татбиқи чанд тарҳи муштаракро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот дар шаҳрдории пойтахт, ҷонибҳо сари резакориҳои бунёди масҷиди бузурги Ал-Бухорӣ ва манзилҳову маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе бо сармояи Қатар тамаркуз карданд. Ёдовар мешавем, вазири ҳамкориҳои байнулмилалии Қатар аз ин пеш бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳам дидору гуфтугӯ дошт.

XS
SM
MD
LG