Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони терроризм ба гуноҳи худ иқрор карданд


Ду гумонбари ташкили ҳамлаи террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба ИМА ба гуноҳи худ иқрор карданд. Дар мурофиаи додгоҳи низомӣ дар маҳбаси пойгоҳи Гуантанамо Памзӣ Биналшибҳ ва Холид Шайх Муҳаммад изҳор намуданд, ки аз кори анҷомдодаашон ифтихор доранд ва дар мавриди ҳукми эъдом нигарон нестанд.

Гуфта мешавад, ки ин шояд охирин мурофиа дар маҳбаси Гуантанамо буд, зеро раисиҷумҳури мунтахаби ИМА Барак Обама тасмим гирифтааст маҳбас дар ин пойгоҳро бубандад. Дар пойгоҳи Гуантанамо гумонбарони тероризм нигаҳ дошта мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG