Пайвандҳои дастрасӣ

Ифротгароёни покистонӣ чаҳор мактабро таркониданд


Дар шаҳри Мингора, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон бинои чаҳор мактаб, аз ҷумла ду мактаб барои духтарон, тарконида шуд. Гуфта мешавад, таркиш кори дасти афроди мусаллаҳест, ки барои ҷорӣ кардани қавонини шариат дар ин минтақаи Покистон мубориза мебаранд. Бар асари таркишҳо ба касе осеб нарасидааст – толибилмон ҳамагӣ дар таътил буданд ва дарсҳо бояд рӯзҳои наздик шурӯъ мешуданд.
XS
SM
MD
LG