Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду узви "Ал-Қоида" дар Санъо


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дар як амалиёти вижаи полис ду гумонбари узвият ба созмони "Ал-Қоида" кушта ва як гумонбари дигар боздошт шуданд. Дар изҳороти вазорати умури дохилаи Яман омадааст, кормандони ҳифзи тартибот ба манзиле ҳамла карданд, ки он ҷо мулоқоти аъзои “Ал-Қоида” идома дошт. Миёни кормандони полис ва мусаллаҳон тирпарронӣ сурат гирифт. Ҳарду фарди кушташуда мавриди ҷустуҷӯи хадамоти вижаи Арабистони Саъудӣ ва Яман қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG