Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 мухолифи қазоқ рӯзи панҷшанбе ба додгоҳ мераванд


Бино ба хабари бахши Қазоқии радиои Озодӣ, қарор аст ин ҳафта мурофиаи додгоҳии се раҳбари мухолифони давлати Қазоқистон оғоз шавад. Онҳо барои пинҳонкорӣ муттаҳам дониста мешаванд. Рӯзи панҷшанбе дар яке аз додгоҳҳои ноҳиявии шаҳри Алмаато мурофиа бар зидди Асилбек Кожаҳмедов-раҳбари ҳизби сабти ном нашудаи "Олға" ва раҳбарони маъруфи мухолифон Булот Абилов ва Толен Тухтасинов шуруъ мешавад. Кожаҳмедов ба радиои Озодӣ гуфт, онҳо муттаҳам ба он шудаанд, ки гӯё чанд соли пеш барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Укроин ба ду гунаҳгори машкук кӯмак кардаанд. Кожаҳмедов мегӯяд, ин иттиҳомот ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG