Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Петреус:Қирғизистон нақшаи бастани Манасро надорад


Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон дар нишсти матбуъотие дар Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, мақомоти Қиризистон ба вай гуфтаанд, ки онҳо ҳеҷ нақшае барои бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қирғизистонро надоранд. Петреус гуфт: "Гуфтугӯҳои мо дар бораи ояндаи Манас ва дар бораи ояндаи ононе, ки аз он суд мебаранд, хеле боварибахш буд".

Пештар матбуъоти Русия хабарҳое ба табъ расонданд, ки гӯё мақомоти Қирғизистон мехоҳанд пойгоҳи Манасро бибанданд, пойгоҳеро, ки Вошингтон аз он барои ҳимоят аз амалиёти нируҳои Амрико дар Афғонистон истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG