Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯҳои телефонии Буш қабл аз тарки Кохи Сафед


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар остонаи тарки Кохи Сафед телефонӣ бо шуморе аз раҳбарони ҷаҳон сӯҳбат кард ва изҳор дошт, ки аз ҳамкорӣ бо онҳо қаноъатманд будааст. Кохи Сафед мегӯяд, президент Буш бо Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон бо Влодимир Путин-нахуствазири Русия, бо раҳбарони Данияву Италия ва Курёи Ҷанубӣ гуфтугӯ кардааст. Гордон Ҷондро-сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, ҳамаи онҳо "барои рӯҳияи ҳамкорӣ ва тавсеъаи дӯстӣ дар ҳашт соли ахир" ба Ҷорҷ Буш изҳори сипос кардаанд.
XS
SM
MD
LG