Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон пойгоҳи низомии Манасро намебандад


Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон мегӯяд, мақомоти раҳбарии Қиризистон ба вай гуфтаанд, ки онҳо ҳеҷ нақшае барои бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қирғизистонро надоранд. Пештар матбуъоти Русия хабарҳое ба табъ расонданд, ки гӯё мақомоти Қирғизистон мехоҳанд пойгоҳи Манасро, ки аз амалиёти нируҳои Амрико дар Афғонистон ҳимоят мекунад, бибанданд. Аммо баъд аз музокироти худ дар Бишкек генерал Дэвид Петреус гуфт, ки ин хабарҳо появу асос надоранд.
XS
SM
MD
LG