Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони мухолифон дар Қирғизистон ҳушдор гирифтанд


Имруз қозиёни додгоҳи Қирғизистон ба раҳбарони ду ҳизби мухолифи давлат, ки гӯё як раҳпаймоии ғайримуҷозро созмондиҳӣ мекунанд, ҳушдор додаанд. Дар ин бора бахши Қирғизии радиои Озодӣ хабар дод. Омурбек Тикебоев-раиси Ҳизби Сотсиалисти Отамокон ва ҳамзамон собиқ раиси порламони Қирғизистон ва Аликбек Ҷекшенқулов-раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Адолатхоҳ дар додгоҳҳои ноҳиявии худ дар минтақаи Талас ба таври алоҳида ҳушдор гирифтанд. Раҳбарони мухолифон мегӯянд, онҳо дар чаҳорчӯбаи конфронсе бо ҳам мулоқот мекунанд, вале мақомоти расмӣ мегӯянд, ки он навъе раҳпаймоии эътирозӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG