Пайвандҳои дастрасӣ

Обама орзуҳои амрикоиёнро ба Қасри Сафед мебарад


Рӯзи 19 январ президенти мунтахаби ИМА Барак Обама ба маросими таҷлили сари қудрат омадани раисҷумҳури нав дар канори мақбараи Авраам Линколни Вашингтон ҳамроҳ шуд.

Линколн, ки дар солҳои 60-уми қарни 19 ғуломдорӣ дар Амрикоро хотима бахшида, ба ҳифзи ваҳдати ИМА дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ муваффақ шудааст, илҳомбахшандаи президенти мунтахаб Обама мебошад. Ба ин муносибат ҳунармандони шинохта Брюс Спрингстин, Ушер, Стивӣ Вондер, Биёнс ва дигарон консерти хайрия намоиш доданд. Ҳунармандони Ҳолливуд ва ҳатто голфбози машҳур Тайгер Вудс, ки одатан аз чорабиниҳо барканор аст, ба нишони пуштибонӣ аз Обама дар консерт ҳузур доштанд.

Дар паёми кӯтоҳ президенти мунтахаб Обама гуфт, ки умеду орзуҳои мардуми Амрикоро ҳамроҳ бо худ ба Қасри Сафед хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG