Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президентҳои пасошӯравӣ дар нақши "падарони миллат"


Пажӯҳишгарон бар инанд, ки дар давлатҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ низоми нави сиёсӣ падид омадааст.

Чанде пеш созмони Хонаи Озодӣ ё Фридом Ҳаус дар гузориши тозаи худ аксари кишварҳои шӯравии собиқро ноозод ва ё дар беҳтарин ҳолат нимаозод унвон кард. Созмонҳои дигари байнулмилалӣ низ ҳамасола тағйиру дигаргуниҳоро дар ин қаламрав баррасӣ мекунанд ва аз ҷамъи онҳо вазъи ислоҳоте бозтоб меёбад, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси давлатҳои мустақил оғоз ёфта, наздик ба 20 сол аст, идома меёбад. Аммо сиёсатшиносон ба таҳқиқи ин ё он фароянди мушаххас дар давлатҳои пасошӯравӣ машғул буда, беҳтар аз дигарон метавонанд ба пурсише посух диҳанд, ки ин ислоҳот чи бурду бохт доштааст, давлатҳои навро ба куҷо овард ва ба кадом самт раҳ гирифтааст.

Таҳаввули низоми сиёсӣ дар қаламрави шӯравии пешин барои бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ мавзӯъест, ки аз чанд лиҳоз рағбатангез мебошад. Пажӯҳишгарони куҳансол талош мекунанд, бубинад, ки пешгӯии онҳо дар бораи ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ то куҷо амалӣ мегардад ва насли нави муҳаққиқон талош мекунад, мантиқи дигаргуниҳои низоми пасошӯравӣ ва ояндаи эҳтимолии онро дарк намояд.

Барои омӯзиши дигаргуниҳое, ки монанди таҷрибаҳои навгароёна дар ду даҳсолаи ахир дар ин қаламрав ба вуқӯъ пайвастанд, бархе аз донишмандон ба ин кишварҳо сафар мекунанд. Чунончи, профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Иёлоти Муттаҳида Ҳенрӣ Ҳейл якуним сол дар Русия ба сар бурд ва акнун рисолае навиштааст, то моҳияти таҳаввули низоми сиёсӣ дар ҷамоҳири шӯравии собиқро ошкор кунад. Ва дар ҳоле ки аксарияти коршиносон низоми феълии сиёсиро дар ин мамолик як пайванди мероси шӯравӣ бо аносири ҷомеаи демократӣ меноманд, Ҳейл мегӯяд, системаи нави сиёсӣ дар аксари ин давлатҳои нав мероси мустақими замони шӯравӣ нест. Вай истилоҳи наверо ба илми сиёсатшиносӣ пешниҳод мекунад, ки "патроналпрезидентиализм" ва ё "президентсолорӣ" мебошад.

Профессор Ҳенрӣ Ҳейл мегӯяд, сохтори нав се аломати фарқкунанда дорад. Аввалан, сарони давлатҳо ҳокимияти президентиро дар натиҷаи интихоботҳои мунтазам, мустақим ва зоҳиран борақобат ба даст меоранд. Дувум, чунин президент назар ба дигар шохаҳои қудрат расман салоҳиятҳои хеле густардатар дорад. Ва савум, президент як қатор салоҳиятҳои ғайрирасмӣ дорад, ки ба муносибатҳои "ҳомӣ ва муштарӣ" дар пайвандгоҳи ҳокимияти давлатӣ ва иқтисодӣ рабт мегиранд.

Ин система, ба ақидаи профессор Ҳейл, дар солҳои 90-уми садаи гузашта аз тарафи президентҳо бар пояи муборизаи қудрат дар байни элитҳо сохта шуд. Вале Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, нокомиҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар шӯравии пешин сабаби таҳкими шохаи иҷроии қудрат, яъне ҳокимияти президентӣ шуд: "Аммо дар ин робита ман наметавонам, ин низомро "президентсолорӣ" номам. Ин як низоми "нео-шӯравӣ" мебошад, ки дар як тазоде анъанаҳои давраи шӯравиро бо аносири давраи демократӣ пайванд додааст ва ин, аммо, мутаассифона, низоми демократӣ нест, балки метавон гуфт, зоҳирбозии демократист."

Артём Улунян ин ҳолатро вижагии қобили фаҳми давраи гузор ва натиҷаии ноомодагии ҷомеъа ба пазириши арзишҳои демократӣ меномад. Вале ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ислоҳоти демократӣ дар кишварҳои шӯравии собиқ ҳолати маъкусро гирифт ва ҳарчанд дар оғози солҳои 90-уми садаи гузашта ҳам ҷомеъа аз лиҳози сиёсӣ фаъолу ҳам интихоботҳои одилонатар буданд, худхоҳии президентҳо ва бетаваҷҷӯҳию нопайгирии Ғарб сабаб шуданд, ки чунин низоми ба гуфтаи Ҳейл, "президентсолорӣ" ба вуҷуд ояд. Дар ин ду даҳсола, меафзояд Ҳакимов, муборизаи қудрат, ҷангу нооромиҳо, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, маъракаи зидди терроризму тундгароӣ ва омилҳои дигар вазъи наверо ба миён оварданд: "Дар ин кишварҳо, ба истиснои давлатҳои Соҳили Болтик ҳеҷ гуна низоми демократӣ ба вуҷуд наомадааст. Озодиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мавҷуд нест, ки ба рушди ҷомеа роҳ боз кунад."

Ин суханони Шокирҷон Ҳакимов дар ҳоле садо медиҳанд, ки кишварҳои шӯравии собиқ якҷо бо ҳамаи дунё пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодиро аз сар мегузаронанд, ки ба гуфтаи профессор Ҳейл як сабаби дигар таҳкими "президентсолорӣ" дар онҳо мешавад. Ҳейл мегӯяд, ҳарчанд ин низом барои ҳифзи ҳокимияти президентҳо ташаккул дода шуд, беш аз ҳар низоми дигар осебпазир буда, сабаби ҳолатҳои инқилобӣ мешавад.

Аммо профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Иёлоти Муттаҳида бар ин аст, ки инқилобҳои рангаи Гурҷистону Қирғизистон низ натавонистаанд, низоми президентсолориро дар ин кишварҳо шикаст диҳанд. Танҳо дар Украина як гардиши ҷиддӣ ба самти демократия оғоз ёфтааст. Ҳенрӣ Ҳейл дар поёни таҳқиқоташ ба натиҷае мерасад, ки танҳо бунёди як низоми қавии тавозуни се шохаи қудрат ба ҳайси вазну повазн метавонад, рушди ғайриинқилобӣ ва эволютсионии кишварҳои муштаракулманофеъро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG