Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нируҳои Исроил аз Навори Ғазза шурӯъ шуд


Баъд аз се ҳафтаи ҳамлаҳо ба нируҳои Ҳамос дар Борикаи Ғазза нируҳои Исроил ин минтақаро тарк мекунанд. Хуруҷи нируҳо дар ҳоле анҷом мегирад, ки Исроил ба таври якҷониба оташбас эълон кардааст. Ҳамос низ рӯзи якшанбе барои як ҳафта оташбас эълон кард, то нируҳои Исроил хориҷ шаванд. Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил дар сӯҳбат бо раҳбарони Аврупо, ки аз минтақа боздид мекунанд, шоми якшанбе гуфт, Исроил мехоҳад ҳарчӣ зудтар аз Ғазза хориҷ шавад:


"Мо мехоҳем ҳарчӣ зудтар аз Борикаи Ғазза хориҷ шавем, ба маҳзи ин ки ба риъояти оташбас ва оромӣ мутмаъин шавем ва хатаре барои амният дар ҷануби Исроил боқӣ намонад".

Исроил мегӯяд, ҳамлаҳо барои заъиф сохтани тавоноии Ҳамос дар мушакпарронӣ ба сӯи Исроил ба ҳадаф расидаанд. Исмоил Ҳания-раҳбари Ҳамос дар Ғазза идаъо мекунад, ки хуруҷи Исроил "пирузии бузург" дар даргириҳои се ҳафтаи ахир аст, ки тақрибан 1300 нафар фаластинӣ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG