Пайвандҳои дастрасӣ

Марде, ки кафш андохт, паноҳгоҳи сиёсӣ меҷӯяд


Бино ба гузоришҳо, рӯзноманигоре, ки моҳи гузашта дар Бағдод-пойтахти Ироқ кафшашро ба сӯи Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико партоб кард, аз Суис ё Шветсария паноҳгоҳи сисёсӣ хостааст. Вакили мудофеъи вай дар Женева ба рӯзномаи La Tribune de Geneve гуфт, хонаводаи Мунтазир ал-Зайдӣ бо вай тамос гирифтааст ва гуфтааст, барои иҷрои ин дархост ба вай кӯмак кунад. Мурофиаи додгоҳи Зайдӣ, ки мумкин аст ба 15 соли зиндон маҳкум шавад, ба таъхир андохта шудааст ва интизори тасмими додгоҳи болоист.

XS
SM
MD
LG