Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон муваққатан роҳи ағбаи Хайбарро баст


Баъд аз ҳамлаи нируҳои тундрав ба як урдугоҳи артиш имрӯз икмолоти нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон тавассути гарданаи Хайбар муваққатан боздошта шуд. Зар Бачахон-намояндаи ҳукумат мегӯяд, дар ин ҳамла дар минтақаи қабиланишини Ландикутали гарданаи Хайбар як сабоз кушта, даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи вай, ин гардана баъдтар боз шудааст, баъд аз он , ки нируҳои амниятӣ 10 нафар афроди машкукро боздошт карданд. 75 дарсади маводи имолотӣ, аз ҷумла хӯрокиву сӯхт ба нируҳои хориҷӣ аз ин роҳ аз Покистон ба Афғонистон расонда мешавад.

XS
SM
MD
LG