Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳания: Фаластин аз болои Исроил пирӯз шуд


Исмоил Ҳания, яке аз раҳбарони ҲАМОС изҳор намуд, ки мардуми Фаластин аз болои Исроил пирӯз шуд. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизиони “Ал-Ақсо” Ҳания гуфт, ки амалиёти низомии Исроил ноком поён ёфт ва муҳимтар аз ҳама, Исроил ба шикастани рӯҳи фаластиниҳо муваффақ нашуд. Аз ин пеш Эҳуд Олмерт, сарвазири Исроил гуфта буд, амалиёти низомӣ барои он қатъ шуд, ки Исроил ба ҳадафи худ расид ва ҲАМОС-ро комилан нотавон кард.

Дар ҳамин ҳол аз манбаъҳои низомии Исроил хабар мерасад, ки хуруҷи тадриҷии нерӯҳо аз навори Ғазза шурӯъ шудааст. Дирӯз Исроил эълом дошт, ки амалиёти низомӣ поён ёфта, дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳояш навори Ғаззаро тарк хоҳанд кард. Ва ҳамзамон Еҳуд Олмерт, сарвазири Исроил дар мулоқот бо сарони кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ дар Байтулмуқаддас гуфт, кишвараш мехоҳад кафолати онро дошта бошад, ки гурӯҳи ҲАМОС ба оташбас содиқ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG