Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" ва "Нафтогаз" зери созиш имзо мегузоранд


Имрӯз миёни ширкатҳои “Газпром”-и Русия ва “Нафтогаз Украина” созиш барои хариду фурӯши газ имзо хоҳад шуд. Дар ин бора ба думболи музокироти сарвазирони Русия ва Украина дар шаҳри Маскав хабар дода шуд. Владимир Путин ва Юлия Тимошенко гуфтанд, ки баъди имзои созиш аз сӯи ин ширкатҳо интиқоли газ ба Аврупо аз сар гирифта хоҳад шуд.

Тибқи созиши ахир, Маскав розӣ шудааст аз нархи аврупоии газ ба Киев 20 дар сад тахфиф диҳад, вале ба шарте, ки Украина тули як сол нархи интиқоли газро тағйр надиҳад. Ва аммо шурӯъ аз соли оянда, ба гуфтаи сарвазири Русия Владимир Путин, Украина нархи бозории газ ва Русия нархи бозории транзити онро пардохт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG