Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи омодагиҳо ба савгандёдкунии Обама


Дар Вашингтон омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури мунтахаби ИМА Барак Обама шурӯъ шуданд. Ин маросим фардо, 20 январ баргузор мешавад. Ахиран Барак Обама ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш тавассути қатор аз Филаделфия ба Вошингтон омад. Ин қатор аз Филаделфия, маҳалли эълони истиқлолияти Амрико аз Бритониё дар соли 1776, роҳии Вошингтон шуда, масиреро такрор кард, ки раисиҷумҳури вақти Амрико Абраҳам Линколн дар соли 1861 паймуда буд. Дар роҳ раисиҷумҳури мунтахабро ҳазорҳо нафар шодбош мегуфтанд. Дирӯз дар канори Маҷмаии ёдгории Линколн дар Вошингтон ба шарафи маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав консерти идона бо ширкати ситораҳои мусиқии Амрико ва ҷаҳон доир шуд. Дар ин консерт Барак Обама ҳузур дошт. Аз ин пеш раисиҷумҳури мунтахаби ИМА дар Оромгоҳи сарбози номаълум дар қабристони миллии Арлингтон гулчамбар гузошт. Интизор меравад, ки дар маросими савгандёдкунии Барак Обама тақрибан 2 миллион нафар ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG