Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди гази Киеву Маскав фардо имзо хоҳад шуд


Ҳукумати Украина имрӯз гуфт, Киеву Маскав алакай рӯзи душанбе қарордод дар бораи шароити содироти гази Русия ба Украина ва транзити газ ба Аврупоро имзо хоҳанд кард. Тавофуқ дар ин бора дар пайи музокироти тӯлонӣ ва мушкили сарвазирони ду кишвар Владимир Путин ва Юлия Тимошенко рӯзи шанбе дар Маскав ба даст омад. Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, Украина гази Русияро бо нархи бозори Аврупо харидорӣ мекунад, вале имсол 20 дарсад тахфиф хоҳад дошт. Ҳаққи транзити газ тағйир намеёбад. Русия интиқоли газаш ба Украинаро аз 1 январ қатъ карда, аз 7 январ транзити газ ба Аврупо тавассути он кишваррро ба далели дар Украина дуздӣ шудани миқдоре аз он қатъ кард.
XS
SM
MD
LG