Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар-ТАДАЗ" бозии дуввумро бохт


Тими “Регар-ТАДАЗ” дар даври дуввуми мусобиқот барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Маскав аз тими “Шериф”-и Тираспол, қаҳрамони футболи Молдова, бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. “Шахтёр”-и Донетск дар бозии дуввуми ин гурӯҳ бар “Левадия”-и Эстония бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Баъди ду даври мусобиқот “Шериф” бо 6 хол дар садри ҷадвал қарор дошта, алакай ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфтааст. Соҳиби роҳхати дуввум ғолибан дар бозии тимиҳои “Регар-ТАДАЗ” ва “Шахтёр” маълум хоҳад шуд. Аммо “Левадия” низ шонси рафтан ба даври баъдии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи СНГ-ро ҳанӯз аз даст надодааст. “Регар” ва “Левадия” баъди ду давр ҳамагӣ якхолӣ ба даст овардаанд. “Шахтёр” феълан се хол дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG