Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 ҷангӣ дар Дарвозҷойи Покистон кушта шуданд


Мақомҳои низомии Покистон мегӯянд, нирӯҳои амниятии кишвар тайи як амалиёт дар минтақаҳои хушунатзадаи қабиланишини шимолу ғарб 15 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Дар ин даргирӣ дар мавзеъи Дарвозҷой, дар минтақаи қабиланишин ва бо Афғонистон ҳаммарзи Мӯҳманд, як сарбози шибҳанизомии давлат низ кушта шуд. Мӯҳманд минтақае ҳамҷвор бо вилояти Боҷаур аст. Нирӯҳои Покистон дар Боҷаур амалиёти густардаеро ба роҳ андохта буданд, ки мегӯянд, беш аз 1700 ҷангиро кушта барҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG