Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳоли маллоҳони "Фаина" дар асорат бад шудааст


Бино ба хабарҳо, аҳволи чанде аз аъзои ҳайъати киштии украинии “Фаина”, ки аз моҳи сентябр дар асорати раҳзанон қарор дорад, бад шудааст. Раҳзанони дарёӣ ин киштии моломоли таслиҳотро ҳанӯз дар моҳи сентябр дар соҳилҳои кишвари африқоии Сомалӣ ба асорат дароварданд ва дар ивази раҳоии “Фаина” ва ҳудуди 20 маллоҳаш, ки аксаран атбоъи Русияву Украинаанд, 5 миллион доллар талаб мекунанд. Тоҷири маҳаллӣ Усмон Фараҳ, ки байни раҳзанон ва мақомот миёнҷигӣ мекунад, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, 7 узви ҳайъати “Фаина” аз маризиҳое, чун шикамрав ва фишори баланди хун, ранҷ мекашанд. Нохудои киштӣ ҳанӯз дар рӯзҳои аввали асорат вафот карда буд.
XS
SM
MD
LG