Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт шаби 17-уми январ дар як паёми телевизионӣ ончиро, ки бисёриҳо дербоз интизор доштанд, эълон кард.

Баъд аз се ҳафтаи амалиёти нерӯҳои Исроил алайҳи ҷангиёни «Ҳамос» дар навори Ғазза, ки беш аз 1200 кушта барҷой гузошт, Олмерт гуфт, Исроил ба сурати якҷониба дар навори Ғазза эъломи оташбас мекунад: «Кабинети вазирони Исроил имшаб қарор кард, дархости тавассути раисҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ироъашудаи давлати Мисрро дар бораи эъломи оташбас аз сӯи давлати Исроил тасвиб кунад».

Э. Олмерт гуфт, амалиёти алайҳи «Ҳамос» ба аҳдофаш расида, ин гурӯҳи фаластинӣ, ки сарзаминҳои Ғаззаро таҳти назорат дорад, зарбаи сахт хӯрд ва хеле аз аъзояш кушта шуданд. Корхонаҳои мушаксозиаш аз байн бурда шуданд ва бахши аъзами нақбҳое, ки барои қочоқи аслиҳа аз Миср истифода мекарданд, тахриб шуд. Ва Исроил дар амри пешгирӣ аз мусаллаҳшавии дубораи ҷангиёни «Ҳамос» замонати кӯмакҳои байналмилалиро ба даст овард. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак низ мегӯяд: «Дар пайи 21 рӯзи амалиётҳои ҳавоиву заминӣ мо эҳсос мекунем, ки ба ҳадафҳои асосии худ расидаем. «Ҳамос» зарбаи шадид хӯрда, заъиф шудааст. Ин гурӯҳ дар инзивоъи сиёсӣ қарор гирифт ва тавонмандиҳояшро аз даст дод».

Ҷомиаи байнулмилалӣ, ки ҳалокати беш аз 1200 фаластинӣ ва ҳоли ногувори аҳолии Ғазза ба даҳшаташ оварда буд, аз иқдоми ахири Исроил истиқбол мекунад. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, умедвори як оташбаси собит ва роҳҳалҳои дарозмуддати мушкилоти навори Ғазза мебошад.

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун, ки дар сафи аввали ҷонибдорони оташбас қарор дошт, хостори иттихози иқдомоти боз ҳам фаротар дар ин роҳ шуд ва гуфт: «Оташбаси якҷониба бояд ҳамчунин ҷадвали замонии хуруҷи нерӯ ҳои Исроилро ба дунбол дошта бошад ва дар айни замон, ҷангиёни «Ҳамос» низ бояд ба он посухи мутаносиб диҳанд. Ҷпанг бояд аз ҳарду ҷониб бас шавад».

Аммо ҳамагӣ чанд соат баъд аз оғози оташбаси якҷониба аз сӯи Исроил, ҷангиёни фаластинӣ аз қаламрави навори Ғазза алайҳи манотиқи ҷануби Исроил чанд мушак партоб карданд. Исроил низ дар посух алайҳи сангарҳои мушакандозон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Ва бино ба хабарҳо, рӯзи якшанбеи 18-уми январ дар ҷануби навори Ғазза як фаластинӣ кушта шуд, ки нахустин мавриди ҳалокати афрод дар ин сарзаминҳо пас пайи эъломи оташбас аз ҷониби Исроил дониста мешавад.

Гурӯҳи «Ҳамос» , ки вуҷуди Исроилро ҳамчун давлат эътироф намекунад, ба оташбас имзо накардааст. «Ҳамос» эъломи оташбаси якҷониба аз сӯи Исроилро радд карда, гуфт, то замони хуруҷи нерӯ ҳои Исроил ва қатъи муҳосираи Ғазза ҳеҷ навъ оташбасро нахоҳад пазируфт. Сухангӯи «Ҳамос» Фавзӣ Барҳум, аз ҷумла, гуфт: «Вуруд ба Ғазза саёҳат набуд ва ҳеч гоҳ нахоҳад буд. Тасмими шурӯъи ҷангро онҳо гирифтанд, вале тасмими хатми ҷанг танҳо дар дасти онҳо нест».

Аммо Исроил қатъи ҳамалоти мушакӣ алайҳи қаламраваш аз ҷониби ҷангиёни «Ҳамос» ро шарти хуруҷи нерӯ ҳояш хондааст.

Низомиёни исроилӣ мегӯянд, онҳо оташбасро риоя хоҳанд кард, вале ҳар навъ қасди даст ба ҳамла задани ҷангиёни ««Ҳамос» » қасди ба посухи сахти нерӯ ҳои Исроил рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG