Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон кушта шуд


Паймони низомии НАТО мегӯяд, як сарбозаш рӯзи шанбе дар задухӯрд бо ҷангиён дар ҷануби Афғонистон кушта шуд. Маҳалли задухӯрд дар баёнияи НАТО наомадааст, вале гуфта мешавад, сарбози кушташуда аз Бритониёст.Ҷануби Афғонистон аз пойгоҳҳои аслии муқовимати ҷангиёни толиб ва ҳам минтақаи аслии кишти маводи мухаддир дониста мешавад. Рӯзи шанбе бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистон 7 нафар кушта шуданд. 5 нафар, бо шумули як сарбози Амрико, дар Кобул, дар натиҷаи ҳамлае ба ҳалокат расиданд, ки дар наздикии сохтмони сафорати Олмон ва як пойгоҳи Амрико сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG