Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Украина дар баҳси газ ба тавофуқ расидаанд


Русияву Украина мегӯянд, бар сари бандҳои қарордоде, ки роҳро барои транзити гази Русия ба кишварҳои Аврупо тавассути қаламрави Украина дубора боз кунад, ба тавофуқ расидаанд.Ин тавофуқ дар ҷараёни мулоқоти рӯзи шанбеи сарвазирони ду кишвар Владимир Путин ва Юлия Тимошенко дар Маскав ба даст омад. Путин дар пайи ин мулоқот гуфт: “Ҷониби Украина моро итминони хотир дод, ки транзити наз ба зудӣ барқарор хоҳад шуд.” Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, Украина гази Русияро бо нархи бозори Аврупо харидорӣ мекунад, вале имсол 20 дарсад тахфиф хоҳад дошт. Ҳаққи транзити газ тавассути қаламрави Украина тағйир намеёбад. Тимошенко гуфт, ба ширкатҳои давлатии гази Русияву Украина дастур додаанд, то тарҳи қарордодҳои навро таҳия кунанд. Ӯ афзуд, интиқоли газ дар пайи тасвиби ин қарордодҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG