Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои нави мушакӣ алайҳи Исроил аз хоки Ғазза


Телевизиони Исроил дар бораи ҳамлаҳои нави мушакӣ алайҳи манотиқи ҷануби ин кишвар аз қаламрави навори Ғазза хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Исроил шаби гузашта баъд аз 21 рӯзи амалиёташ алайҳи ҷангиёни Ҳамос дар навори Ғазза эъломи оташбаси якҷониба кардааст. Бино ба гузоришҳо, алайҳи исроил то 6 мушак партоб шуда, эҳтимол меравад, ин ҳамлаҳоро ҷангиёни Ҳамос анҷом додаанд. Ин ҳамлаҳои мушакӣ кадом қурбонӣ бар ҷой нагузоштааст. Ҷангандаҳои Исроил дар посух маҳалли мушакандозиро ҳадафи ҳамла қарор дода, ба гуфтаи низомиён, он мавзеъро тахриб кардаанд. Исроил мегӯяд, амалиёташ алайҳи ҳамос ба аҳдофи худ ноил шуд. Ҳамос гуфтааст, оташбаси якҷониба аз сӯи Исроилро намепазирад.
XS
SM
MD
LG