Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбаси яктарафаи Исроил дар Ғазза


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мегӯяд, амалиёти низомии ин кишвар дар минтақаи Ғазза ба ҳадаф расид. Шоми шанбе баъди тасдиқи оташбаси яктарафаи Исроил дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар сарвазир Олмерт бо рӯзноманигорон вохӯрд. Ӯ гуфт, амалиёт ба ҳадаф расидааст ва Ҳамос зарбаҳои вазнин бардошт. Ба қавли сарвазири Исроил акнун имконоти мушакпарронии Ҳамос ба тарафи Исроил хеле маҳдуд шудааст.

Олмерт афзуд, ки оташбас соати 2-и субҳи вақти маҳаллӣ ба ҳукми иҷро медарояд, вале сарбозони исроилӣ дар Ғазза боқӣ мемонанд ва агар онҳо мавриди оташ қарор гиранд, посух хоҳанд дод.

То кунун Ҳамос дар бораи ин иқдоми Исроил чизе нагуфтааст.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср нишасти байналмилалӣ бахшида ба вазъи Ғазза барпо мешавад. Мизбонони он президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ва раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ҳамроҳ бо як идда раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, шоҳи Урдун ва дабири кулли СММ вазъи Ғаззаро абҳс хоҳанд кард.

Қарори оташбаси яктарафаи Исроил замоне эълон шудааст, ки амалиёти низомии артиши ин кишвар дар минтақаи Ғазза 22 рӯз идома ёфта, дар ҷараёни он беш аз 1200 фаластинӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG