Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Путину Тимошенко шурӯъ шуд


Сарвазирони Русияву Украина Владимир Путин ва Юлия Тимошенко рӯзи шанбе дар Маскав ба баҳси роҳҳалҳои бӯҳрони газ пардохтанд. Ин нахустин мулоқоти намояндагони Русияву Украина дар чунин сатҳи баланд аз 1 январ, яъне аз замони қатъ шудани интиқоли гази Русия ба Украина аст. Русия баъдан Украинаро ба сирқати газ аз лӯлаҳои транзитӣ маҳкум карда, ба ҳамин далел интиқоли газаш ба Аврупо тавассути он кишварро қатъ кард. Ин иқдом боиси эҷоди ихлол дар амри таъмини беш аз 15 кишвар Аврупо бо гази табиӣ шудааст. Иттиҳодияи Аврупо, ки низ намояндагонашро ба Маскав фиристодааст, ҳушдор дода, ки агар интиқоли газ ба зудӣ аз сар гирифта нашавад, равобиташ бо Русияву Украинаро мавриди бозбинӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG