Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин холи "Регар-ТАДАЗ" дар Маскав


Қаҳрамони соли гузаштаи футболи Тоҷикистон – тими “Регар –ТАДАЗ” имрӯз дар Маскав, дар даври нахустини мусобиқот ба хотири дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд бо тими “Левадия” – қаҳрамони футболи Эстония вориди рақобат шуд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар даври дуввум “Регар” бо қаҳрамони футболи Молдова – тими “Шериф”-и Тираспол рақобат мекунад. Дар сабқати имсолаи Ҷоми қаҳрамонҳои СНГ қаҳрамонҳои футболи 15 кишвари шӯравии собиқ ва тими “Интер” аз Финландия ширкат меварзанд. Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои муштаракулманофеъро соли гузашта тими “Хазар” аз шаҳри Ленкорани Озарбойҷон соҳиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG