Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ҷойи пои "Майкрософт"-ро тангтар мекунад


ИА таҷрубаи ширкати “Майкрософт”-ро, ки барномаи “Интернет Эплорер”-ашро ҳамроҳ бо барномаи “Виндовз” дар як баста мефурӯшад, мухолифи қонунҳои зиддимонополии ин созмони қораӣ номида ва аз ин ширкати пешсаф дар бозори фанновариҳои навини дунё тақозо кардааст, ба хотири таъмини рақобати солим фурӯши алоҳидаи ин ду барномаро дар қаламрави 27 кишвари узви ИА мумкин гардонад. ИА барои расидагӣ ба ин тақозо ба ширкати амрикоии “Майкрософт” 8 ҳафта фурсат додааст. “Майкрософт” ваъда додааст, ки тиҷорати худро бо қонуну қавоиди ҷорӣ дар қаламрави ИА мутобиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG