Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва САҲА қатли афсари гурҷиро маҳкум карданд


Ҳайъати нозирони ИА ва САҲА дар наздикии марз бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ аз тири снайпер кушта шудани афсари пулиси Гурҷистонро маҳкум карданд. Ин афсар, ба гуфтаи нозирони САҲА субҳи ҷумъа дар посгоҳи пулис, дар рустои гурҷии Кнолевӣ ҳадафи тир қарор гирифт. Ҳайъати нозирони ИА ин кушторро нақзи комилан ғайриқобилиқабули шароити оташбасе номидааст, ки дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи август миёни Русияву Гурҷистон бо миёнҷигии ИА имзо шуд.
XS
SM
MD
LG