Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико истифода аз сангсор дар Эронро маҳкум кард


Амрико ба маҳкумиятҳои байналмилалӣ алайҳи аз роҳи сангсор ба қатл расондани ду нафар дар Эрон ҳамроҳ шуд. Ин ду нафар бо ҷурми зинокорӣ роӯзи 13 январ дар шаҳри Машҳад, дар шарқи Эрон, сангсор шудаанд. Вазорати хориҷаи Амрико чунин шеваи эъдомро ғайриоддӣ, мудҳиш ва ғайриинсонӣ номида, гуфтааст, сангсор мухолифи он паймонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст, ки Эрон низ имзо кардааст. Амрико аз Эрон тақозо карда, ки аз истифодаи сангсор даст бардошта, муҳокимаи мунсифона ва шаффоф барои кулли муҷриминро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG