Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Кобул як сарбози амрикоӣ низ кушта шуд


Ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дар наздикии сафорати Олмон ва як пойгоҳи нирӯҳои Амрико дар пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул, мунҷар ба ҳалокати 5 нафар, аз ҷумла як сарбози Амрико шуд. Мақомот мегӯянд, ҳудуди 20 тани дигар ва 5 сарбози амрикоӣ бар асари ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобулро Толибон бар ӯҳда гирифтаанд. Ҳамлаи дигари маргталабона бо истифода аз мошини бамбгузоришуда рӯзи шанбе дар вилояти шарқии Нангарҳор сурат гирифт. Дар ин ҳамла, ки корвони нирӯҳои НАТО ва пулиси Афғонистонро ба ҳадаф дошт, 3 раҳгузар кушта, 3 тани дигар ва 3 маъмури пулис захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG