Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамлаи хунини маргталабона дар Афғонистон


Ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дар наздикии сафорати Олмон ва як пойгоҳи нирӯҳои Амрико дар пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул, мунҷар ба ҳалокати 4 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 20 тани дигар шуд. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, бар асари ин ҳамла 6 сарбози амрикоӣ низ захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобулро Толибон бар ӯҳда гирифтаанд. Ҳамлаи дигари маргталабона бо истифода аз мошини бамбгузоришуда рӯзи шанбе дар вилояти шарқии Нангарҳор сурат гирифт. Дар ин ҳамла, ки корвони нирӯҳои НАТО ва пулиси Афғонистонро ба ҳадаф дошт, 3 раҳгузар кушта, 3 тани дигар ва ҳамчунин 3 маъмури пулис захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG