Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳкирои роҳи оҳан 38 дарсади дигар афзуд


Ширкати роҳи оҳани ин кишвар қимати роҳкиро дар кулли хатти сайрҳое, ки қаторҳои ин ширкат ҳаракат мекунанд, 38 дарсади дигар афзоиш дод. Раҳбарони ширкат боло рафтани қимати истифода аз роҳҳои оҳани Узбакистонро сабаби аслии афзоиши дигарбораи роҳкиро меноманд. Акнун нархи чиптаи вагони платс-карт дар масири роҳи оҳани Душанбе –Маскав ба 274 доллар баробар мешавад. Ширкати роҳи оҳан ҳамзамон хабар дода, ки фоидаҳояш дар соли гузашта 427 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 120 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG