Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: даъвати Маҷмаъи кул ба оташбас дар Ғазза


Маҷмаъи кулли Созмони Миллали Муттаҳид ба оташбаси фаврӣ ва дарозмуддат дар Ғазза даъват кард.

Имрӯз, 17-уми январ, Маҷмаъи кулли СММ ҷиҳати қатъи фавриву дарозмуддати даргириҳо дар навори Ғазза ва комилан баровардани артиши исроилӣ аз онҷо қатъномаи махсус қабул намуд.

Дар ин қатънома ба эҳтироми пурраи чунин қарори ҳафтаи гузашта қабулнамудаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал омадааст. То ҳоли ҳозир қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аз тарафи ҳарду ҷониби даргир ба инобат гирифта намешуд.

Маҷмаъи кулли СММ талаб мекунад, ки кумаки башарии бидуни мониъа ба фаластиниҳо дар Ғазза таъмин гардад. Намояндагони Исроил, ИМА ва кишвари Науру (воқеъ дар уқёнуси Ором) ба қабули ин қатънома раъйи зид доданд.
XS
SM
MD
LG