Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави "Тоҷикгаз" таъин шуд


Саидмамад Шарофиддинов раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” таъин шуд. Дар ин бора имрӯз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фармон имзо кард. Саидмамад Шарофиддинов қаблан муовини раиси ин ширкат буд. Раиси пешини “Тоҷикгаз” Фатҳиддин Муҳсиддинов дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз вазифа барканор шуд. Бо фармони дигари раиси ҳукумат Розиқзода Абдуҳалими Шералӣ дар маснади раиси Академияи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пазируфта шуд. Раиси пешини Академия Файз Дустов бознишаста шуд. Бо як амри дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон Содиқ Мирхолиқов кафили раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

XS
SM
MD
LG